Сокини Шаҳритус хост ҳамсари 29 - солаашро ба қатл расонад

Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як сокини 29 - солаи ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад, ки дар суйиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 29 - сола, сокини деҳаи Устокорони ноҳияи Шаҳритусро боздошт намуданд, ки дар суйиқасд ба ҷони ҳамсари худ гумонбар дониста мешавад.

Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Спитамен мард дар ҳолати мастӣ бародарашро 16 корд зад

Манбаъ меафзояд, номбурда рӯзи 9 - уми сентябри соли равон, тахминан соати 17:30 - дақиқа, дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар Қарашувоқи ноҳияи мазкур бо ҳамсари 29 - солаи худ муноқиша сар мекунад.

Натиҷаи мастӣ кунҷи зиндон: марди маст ҷавони роҳгузарро ду корд зад

Зимнан, дар ҷараёни ҷангу ҷанҷол, номбурда бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани занаш задааст.

Дар натиҷа, ҷабридида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаст.

Дар Тоҷикистон сатҳи ҷиноятҳои қаллобӣ ва авбошӣ афзоиш ёфтаст

ВУД мегӯяд, нисбати ин сокини ноҳияи Шаҳритус парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Лентаи хабарҳо
0