09:59 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой

Додгоҳи Хуҷанд як узви созмони насрониро ба 7.5 соли зиндон маҳкум кард

© AFP 2019 / PHILIPPE HUGUEN
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
126 0 0

Шамил Ҳакимов як узви созмони насронии мамнӯъ дар Тоҷикистон, бо ҷурми барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ гунаҳкор дониста шуд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, Шамил Ҳакимовро ба мӯҳлати 7.5 сол равонаи зиндон намуд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

ДОИШ масъулияти ошӯби дувумро дар зиндони Тоҷикистон ба дӯш гирифт

Бар хабари манбаъ, Ҳакимов ҳанӯз моҳи феврал бо ҷурми нигоҳ доштан ва паҳн намудани адабиёт ва маводи мазҳаби насронии дар Тоҷикистон мамнӯъ, боздошт шуда буд.

"Ҳакимов пас аз адои ҷазои ҷиноятӣ дар маҳбаси низомаш шадид, дигар ҳаққи фаъолият кардан дар ташкилотҳои диниро надорад", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Бояд гуфт, ки Ҳакимов яке аз се роҳбари созмони насронии дар Тоҷикистон мамнӯи "Шоҳидони Яҳво" ба ҳисоб меравад, ки ҳанӯз сар аз солҳои 90-ум ба узвияти ин созмон шомил шуда буд.

Аз вазъ воқифем: посухи КДАМ Тоҷикистон ба ҳушдори ВУД Русия аз “ДОИШ” дар марз

Созмони "Шоҳидони Яҳво дар Тоҷикистон аз соли 1997 фаъолият мекунад. Тирамоҳи соли 2007 фаъолияти ин созмонро муваққатан боздоштанд ва маҳз як сол пас додгоҳи гарнизони ҳарбии Душанбе тасмим гирифт, ки фаъолияти ин созмонро комилан манъ кунад.

Барчаспҳо:
ҳабс, додгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ