06:33 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Колодец, архивное фото

Дар Хатлон кӯдаки дусола ба пайҷои думетраи симчӯб сарозер шудаст

CC0
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
176 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз наҷоти як кӯдаки дусола хабар медиҳад, ки ба пайҷои думетраи симчӯб сарозер шудаст

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, сокини хурдсоли вилояти Хатлон, аснои саргарми бозӣ шудан аз беэҳтиётӣ ба пайҷои умқаш думетраи симчӯб сарозер шудаст.

Манбаъ меафзояд, навбатдори раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон рӯзи 11 - уми сентябр хабар дарёфт намуд, ки кӯдаки хурдсол ба чоҳи думетра, ки барои гузоштани симчӯб канда шуда будаст, фурӯ рафтаст.

КҲФ: дар ду рӯз ҳафт нафар аз ғарқшавӣ дар рӯди Сир наҷот ёфтанд

"Духтарча, ки соли таваллудаш 2018 буд, бо ёрии наҷотдиҳандагон дар зарфи 3 дақиқа берун оварда шуд ва аввалин ёрии тиббиро ҳам барояш расонданд", - омадааст дар иттилоия. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар аз волидон хоҳиш мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Мавзӯъҳои асосӣ