Дастгир шудани ҷавонзан барои гирифтани “Лексус” ва надодани пул

© Sputnik / © SputnikМашина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани зани 33-сола, сокини шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҷавонзани мазкур, моҳи апрели соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Лексус-350”-ро ба маблағи 27 ҳазору 500 доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, гирифтааст.

Сокини Шаҳритус хост ҳамсари 29 - солаашро ба қатл расонад

Манбаъ афзуд, аз нархи муқарраршуда зани харидор 5000 долларашро дода, боқимонда - 22 ҳазору 500 долларашро то ҳол барнагардонидааст.

ВУД  таъкид кард, ки феълан нисбати номбурда бар асоси моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Инчунин маъмурини милиса марди 49-солаи сокини шаҳри Душанберо бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд.

"Номбурда, моҳи ноябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 53-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 953,3 грамм маснуоти тилловорӣ ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати 1 моҳ онҳоро фурӯхта, маблағашро бармегардонанд", - омадааст дар иттилоия.

Қаллобӣ: корманди Комиссариати ҳарбӣ 8000 сомонӣ гирифт, аммо билети ҳарбиро надод

Ба иттилои ВУД, номбурдагон маснуоти мазкурро бар ивази қарзашон ба шахси дигар дода, ба зани номбурда ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ зарар расонидаанд.

ВУД таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0