Садамаи маргбор дар Рязан ҷони 7 нафарро рабуд ва 20 тани дигарро захмӣ барҷой гузошт

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкАвтомобиль скорой медицинской помощи
Автомобиль скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шоҳроҳи вилояти Рязан мошини боркаш бо автобуси мусофирбар бархӯрдаст, ки дар пай талафоти ҷонӣ доштааст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Мошини борбар бо автомашинаи мусофиркаш дар шоҳроҳи вилояти Рязан бархӯрдаст, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости бо такя ба маълумоти Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи ин минтақа.

Дар Маскав автобуси ҳомили сайёҳон аз Осиё, ба садама дучор шуд

Бар хабари манбаъ, бар асари бархӯрдани ин ду нақлиёт, дасти кам 7 нафар ҷони худро аз даст дода, ҳамчунин 20 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Гуфта мешавад,  ҳодисаи маргбор дар навоҳии Гаврилов-Ямскойи вилояти Ярасловский рух додаст.

"Дар манотиқи аҳолинишини  Заячий Холм автобуси ПАЗ ва мошини боркаш бархӯрдааст. Бар тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин ҳодиса 7 нафар ҳалок ва 20 тан маҷрӯҳ шуданд",- омадааст дар иттилоия.

Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боз як маҷруҳи дигари садамаи Рязан дар беморхона ҷон дод

Феълан дар ҷойи садамаи маргбор кормандони пулис ва хадамоти фавқулода қарор доранд ва тафтиши ин ҳаводис шурӯъ шудаст.

Ёдрас мешавем, ки чанде қабл низ бар асари бархӯрдиди ду автомашина дар ҳамин вилоят, дасти кам 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.

Ҳодиса субҳи 6 -  август дар шоҳроҳи Рязан бар асари бархӯрди мусофирбари "Мерседес" бо худрави "Тойота" рух дод, ки ҷони 7 тоҷикистониро рабуд ва чанд тани дигарро маҷрӯҳ кард.

Лентаи хабарҳо
0