Садои тир дар марз: якчанд шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ, як сарбози қирғиз кушта шуд

© Sputnik Автомат Калашникова, архивное фото
Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи тирандозӣ дар марз бо Қирғизистон якчанд шаҳрванди кишвар маҷрӯҳ шудааст

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо нашри як баёния шоми душанбе эълон намудааст, ки Қирғизистон бархилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида, санаи 16-уми сентябри соли равон дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд.

“Сокинони маҳаллаи Баҳор ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони Қирғизистон вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват намуданд, ки корҳои сохтмониро қатъ намоянд. Ҷониби қирғиз бошад хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд”, қайлд намудааст манбаъ.

Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марзӣ: вокуниши Тоҷикистон ба Қирғизистон аз сохтмони постгоҳ дар роҳи Исфара-Ворух

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки ҷониби Қирғизистон ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти  сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор  тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон маҷруҳ шуданд.

“Ин амали  муғризонаи  сарҳадбонони Қирғизистон нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад  вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад”, - гуфта шудааст ар баёния.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон зикр намудааст, ки айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Мақомти Қирғизистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон дар роҳи Исфара-Ворух тасмим гирифтааст постгоҳ созад. Ин иқдоми Қирғизистон боиси нигаронии мақомоти Тоҷикистон шуд. Мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки бунёди постгоҳ дар қаламраве, ки ҳоло хатти сарҳад аломатгузорӣ нашудааст ғайри қонунӣ мебошад.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода бо ваколатдори Қирғизистон масъалаи марзиро баррасӣ кард

“Мувофиқи созишнома ва санадҳои байниҳукуматӣ, Қирғизистон дар ҳудуди номуайян наметавонад сохтмон кунад. Тибқи санаде, ки соли 2014 ба имзо расида буд, Қирғизистон бояд дар роҳи гузар аз баромади Хоҷаи Аъло то Ворух қитъаи роҳ созад. Тибқи созишнома, байни Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури деҳаи Оқ-Сойи Қирғизистон бояд роҳи мошингард месохт. Тоҷикистон қитъаи роҳи худро сохтааст, аммо ҷониби Қирғизистон, қитъаи худро намесозад. Роҳ бояд аз он ҷо гузарад, ки Қирғизистон дар он дорад постгоҳ месозад”, - зикр намуд Тешаев.

Ҳамзамон шаҳрдории Исфара таъкид намудааст, ки барои қатъи сохтмони постгоҳ миёни мақомоти ду кишвар гуфтушунид идома дорад. Мақомоти Тоҷикистон нигарониҳои худро ба мақомоти Қирғизистон расонидааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 50 дарсади и он, ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Пурра таъйин нашудани хатти марз, борҳо ба рухдоди муноқишаҳои марзӣ боис мешавад.

Лентаи хабарҳо
0