10:58 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Река Вахш, архивное фото

Пешгирӣ аз ҳодисаи худкушӣ: ҷавони 25- сола хост худро ба рӯди Сурхоб партояд

© Sputnik / Игорь Михалев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
158 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ҷилавгирӣ намудани як ҳодисаи худкушӣ дар ноҳияи Рашт хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, наҷотбахшон тавонистанд аз як амали суйи қасд ба ҷон намудани ҷавони 25 - сола ҷилавгирӣ кунанд.

Манбаъ меафзояд, ки ҷавони 25 - сола, сокини деҳаи Сари Шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи Раштро наҷотбахшон дар ҳоле дарёфт намуданд, ки ӯ мехост худро ба дарёи Сурхоб партофта, худкушӣ кунад.

КҲФ: дар ду рӯз ҳафт нафар аз ғарқшавӣ дар рӯди Сир наҷот ёфтанд

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо лаҳни мулоим ва суханони таскиндиҳандаи дарду алам бо ин ҷавон вориди муколама шуда, ӯро ором карданд ва аз нияти худкушӣ баргардонданд.

Пас аз наҷот додани ин сокини Рашт ӯро ба кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия супурданд, то сабаби ба ин иқдом даст заданашро таҳқиқ кунанд.

Дар рӯди Хингоб сайёҳи рус ғарқ шуд

Зимнан маълум гардидаст, ки ҷавони 25 - сола танҳо аз вазъи хароби рӯҳӣ мехост даст да худкушӣ занад.

Маврид ба зикр аст, ки дар нимсоли аввали соли равон дар Тоҷикистон 258 нафар даст ба худкушӣ заданд, ки аз ин миён 55 нафари онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Барчаспҳо:
ҷилавгирӣ, КҲФ, худкушӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ