06:56 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Таҷаммӯи сокинон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Танишу тирпарронии хунин дар марз аз нигоҳи шоҳидон

© Фото / Зульфия Тургунова
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
735 0 0

Сокинони маҳаллӣ тирпарронии бегоҳи 16 сентябр дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар дар натиҷа се марзбони тоҷик - подполковник Рустам Убайдуллоев ва ду сарбози қаторӣ - Рамазон Исломову Илёсиддин Субҳонов кушта шуданд, шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Мавзеи асосии баҳси навбатӣ дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъача, ин майдони варзишгоҳест, ки паҳлуи мактаби умумии №8-и маҳалла ҷойгир мебошад, хабар додааст “Ховар”.

Ба иддаои ҷониби Қирғизистон ин майдони варзишгоҳ дар мавзеи баҳсӣ, яъне хатти сарҳадӣ қарор дошта, он набояд аз ҷониби сокинони ин маҳаллаи тоҷикнишин истифода гардад.

“Ҳол он ки худи қирғизҳо  дар ин мавзеъ нақшаи сохтмони дидбонгоҳи ҳарбии худро доштанд ва кӯшиш карданд, то бо овардани масолеҳи сохтмонӣ дар ин мавзеъ пойдевори онро бунёд намоянд. Ин амали бе розигӣ, бе огоҳӣ ва бе мувофиқаи қирғизҳо  бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба нофаҳмиву амали хунин оварда расонид”, - омадааст дар матлаб.

Хабарнигори расонаи давлатии “Ховар” аз ҷои ҳодиса дидан карда, суҳбати сокинон ва масъулини маҳаллиро дар бораи баҳс ва тирпаронии ахир нашр намудааст.

Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача баён доштаст, то соли 2016 дар варзишгоҳи мазкур аз ҷониби ҷавонони деҳаи Қалъача, аз ҷумла, маҳаллаи Баҳор мусобиқаҳои варзишӣ, чун бозии футбол гузаронида мешуданд. Мутаассифона, баъд аз соли 2016 аз ҷониби сарҳадбонон ва масъулини Ҷумҳурии Қирғизистон баҳсҳое ба миён омаданд, ки гӯё варзишгоҳ дар минтақаи байнисарҳадӣ қарор дошта, истифодаи он то иҷозат шудан ё ба охир расидани корҳои демаркатсионӣ ва делимитатсионӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз давоми солҳои 2017 то 2019 дар варзишгоҳи мазкур барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ҳам ба ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон иҷозат дода нашудааст. 

Одинаев зикр намудааст, ки тибқи протоколҳои имзошуда байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бояд дар хатти сарҳадӣ бунёди ягон намуди иншоот ё бурдани корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта нашавад.

“Аммо, мутаассифона, аз ҷониби шаҳрвандон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон протоколи мазкур риоя нагардида, имрӯзҳо дар аксарияти ҷойҳо сохтмон идома дорад. Вале вақте ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон намуд сохтмон оғоз гардад, ҳам аз тарафи роҳбарият ва ҳам сарҳадбонони Қирғизистон бурдани чунин корҳо манъ карда мешавад, ки ин кор яктарафа буда, хилофи амалҳои аз ҷониби худашон иҷрошаванда  мебошад”, - таъкид намудааст муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача.

Ӯ  вобаста ба ҳодисаи тирпарронии бегоҳи 16 сентябр иброз дошт, ки тақрибан соатҳои 18:15 ё 18:20 аз ҷониби сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон тирпарронӣ оғоз гардида, дар натиҷа се нафар марзбонони тоҷик ба ҳалокат расиданд. Ҷавобан ба ин амал аз ҷониби марзбонони тоҷик низ оташ кушода шуд. Худи тирпаронӣ тақрибан 1,5 соат идома ёфта, ба хонаҳои истиқоматии чандин бошандагони маҳаллаи Баҳор зарари ҷиддӣ расонида шуд, изҳор доштааст масъули ҷамоат.

Набӣ Рустамов, раиси маҳаллаи “Қалъача”-и ҷамоати мазкур изҳор доштааст, ки “бегоҳии 16 сентябр ногаҳон овози тирпарронӣ баромад. Мо фаҳмидем, ки аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз тирпарронӣ сар шудаст. Тирпарронӣ то соатҳои 20:30 идома ёфт ва он даҳшатовар буд. Чунин менамуд, ки аз болои хонаҳои мо мушак мепарад. Бо истифода аз фурсат ҳамаи занон ва кӯдаконро аз ин мавзеи хатарнок баровардем. Аммо худи мардон барои ҳимояи хонаву марзу буми худ сарбаландона истоданд. Зеро ин зодгоҳ, ватан ва маконест, ки хуни нофи мо, падарону бобоёнамон рехтааст”.

Ӯ аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки дар вақти тирпарронӣ дар деҳаи рӯ ба рӯяшон - деҳаи қирғизнишин ягон нафар наменамуд, гӯё онҳо пешакӣ омодагӣ дида, аҳолиашонро ба ҷои бехавф бароварда бошанд.

Ба гуфти сокини дигари ҳамин маҳалла Устоҷӯлӣ Ҷумъаев, ки аз соли 1969 боз дар ин мавзеъ истиқомат дорад, дар ҳақиқат он заминҳое, ки имрӯз қирғизҳо онҳоро даъвои гирифтан доранд, дар асл аз солҳои пеш заминҳои аслии тоҷикон буданд ва ҳастанд. Зеро то имрӯз сокинони деҳа онро чун чарогоҳ ва замини кишт истифода мебурданд ва дар ин асос даъвои қирғизҳоро беасос мешуморанд.

“Солҳое буд, ки қирғизҳо мушкилоти об доштанд, мо аз ҷӯйборҳои худ ба онҳо ҷӯйбори нав кушода, об додем, эҳтироми ҳамсоягиву меҳмондӯстиро ба ҷо оварда истодаем, вале ба ҳамаи ин амалҳо имрӯз нисбат ба худ ноҳурматӣ  мебинем”, - изҳор доштааст сокини солхӯрда.

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон вазъияти марзро баррасӣ карданд

Дар маҷмуъ сокинони минтақаи наздимарзии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки “танҳо тавассути дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба расму оини неки ҳамсоядорӣ метавонем осуда ва аҳлона зиндагӣ намоем”.

Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон, ки дар ин даргирӣ як марзбонашро аз даст додааст, даъво дорад, ки нахуст сохтмони ғайриқонунӣ ва тирпарониро ҷониби Тоҷикистон оғоз кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ