22:46 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Дагир Хасавов, вакили дифоъ

Вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо боздошт шуд

© Сайт Дагира Хасавова
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
953 0 0

Вакили дифоъ Дагир Хасавов бо иттиҳоми эҷоди монеа барои таъмини адолати додгоҳӣ боздошт гардида, ба идораи Кумитаи тафтишотӣ оварда шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дагир Хасавов, вакили дифоъ, ки аз ҷумла аз ҳуқуқҳои хонаводаи Ҳувайдо Тиллозода, духтарчаи 5-солаи кушташуда дар додгоҳ ҳимоя мекунад, дар бинои додгоҳи Лефортов дар шаҳри Маскав боздошт шуд, хабар додааст ТАСС.

Ба иттилои манбаъ, вакили дифоъ дар монеасозӣ барои таъмини адолати додгоҳӣ ва хариди шоҳид ё водор кардан ба додани баёнот муттаҳам мешавад.

Хасавов аз Абдусамад Ҳамидов, собиқ роҳбари Ҳукумати Доғистон ва муовинаш Раюддин Юсуфов ҳимоят мекард. Хабар дода шудааст, ки дар доираи ин парванда ҳолатҳои таҳдид бо мақсади водор кардани шоҳидон барои тағйири баёноташон ба қайд гирифта шудаанд.

Кумитаи тафтишотӣ вобаста ба ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст, ки дар доираи он Хасавов боздошт гардидааст. Феъан мақоми ҳуқуқии Хасавов маълум нест.

Қаблан дар додгоҳи Лефортов  Алберт Хавчаев шоҳидӣ дода буд, аммо баъдан гӯиё баёноташро зери фишору таҳдиди Хасавов тағйир додааст. Сипас шоҳид ба Кумитаи тафтишотӣ алайҳи Хасавов муроҷиат кардааст. 

Ин дар ҳолест, ки Хасавов ҳамчунин вакили дифои хонаводаи Ҳувайддо Тиллозода, духтарчаи кушташудаи тоҷик буд, ки мурофиаи ин қазия дар додгоҳи Серпухов идома дорад. Мурофиаи навбатии парвандаи муттаҳам - Александр Сёмин бояд 19 сентябр баргузор мешуд, аммо он барои муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шудааст. Феълан маълум нест, ки таъхир ба боздошти Хасавов рабт дорад, ё на. 

Барчаспҳо:
таҳдид, фишор, парванда, вакили дифоъ, боздошт, Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ