Дар Самарқанд ду тан аз истихроҷкунандагони ғайриқонунии тилло ҷон бохтанд

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкРазработка золотоносного карьера. Архивное фото
Разработка золотоносного карьера. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанд, се нафар, ки ба истихроҷи ғайриқонунии тилло машғул буданд, бар асари фурӯ рехтани сангпораҳо зери он дармонданд. Дар натиҷа ду нафар ҷон бохтанд ва як нафари дигарро ба беморхона интиқол доданд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Додситони олии Узбакистон аз ҳалокати ду нафар шаҳрвандон, ки аз роҳи ғайриқонуни ба истихроҷи тилло машғул буданд, хабар медиҳад.

Возведение штольни на территории металлургического комбината ФАРОЗ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар кони "Тиллои тоҷик" ду нафар коргар ҷон бохтанд

Додситонӣ меафзояд, резиши сангпораҳо бегоҳи рӯзи 17 - уми сентябр дар ҳудуди кони тиллоии минтақаи "Каракутон" рух додаст.

Ширкати “ТАЛКО Голд” оид ба истеҳсоли сурма дар шимоли Тоҷикистон калонтарин дар Осиёи Миёна аст

Ду нафар аз қонуншиканон дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд ва ҳамраҳи онҳоро пас аз берун овардан аз зери сангпораҳо ба бемористон интиқол доданд.

Бояд тазаккур дод, ки раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев моҳи ноябри соли 2018 қарореро ба тасвиб расод, ки тибқи он сар аз 1 - уми марти соли равон истихроҷи тилло барои фарди инфиродӣ низ иҷозат дода мешавад

Ҳалокати ин ду нафар дар кони тилло дар Узбакистон маротибаи нахуст набуда, ҳанӯз соли 2007 дар як ҳодисаи ба ин монанд ду нафар коргарон ҷон аз даст доданд.

Гузашта аз ин соли 2015 дар ноҳияи Оҳангарони Тошканд бар асари таркиш дар комбинати металургӣ дасти кам 25 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Роҳбари ширкати “Талко Голд” ба Аҳмадзода чӣ ваъда дод?

Маврид ба зикр аст, ки Узбакистон ба даҳгонаи бузургтарин кишварҳои истихроҷкунандаи тилло шомил мешавад. Соли гузашта дар Узбакистон 88,5 тонна тилло истихроҷ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0