06:42 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Судебный молоток, архивное фото

Сокини Ҳисор барои интиқоли 120 ҳазор рубл ба ҷангиёни ДОИШ, ба 13 соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Андрей Старостин
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
28401

Додгоҳи шаҳри Ҳисор дар қиболи сокини шаҳри Ҳисор, ки ба маблағгузорӣ намудани ҷиноятҳои террористӣ гумонбар дониста мешавад, ҳукм баровардаст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон, Ҷураев Манучеҳр Мирзоҳодиевич моҳи ноябри соли 2012 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Твери Федератсияи Русия рафтаат.

Дар он ҷо бо Абдумуҳаммад ном шахс, ки аъзои фаъоли ташкилоти терористии ДОИШ мебошад, шинос шуда, шомили ин гурӯҳ гардидааст.

Бояд шаҳид мешудам: нақли навраси тоҷик аз урдугоҳи Сурия

Зимнан манбаъ меафзояд, ки номбурда барои ба ҷо овардани ҷиҳоди молӣ, ба ҷангиёни ин гурӯҳ маблағи 120 ҳазор рубли русӣ гузаронидааст.

Дар робита ба ин доситони  шаҳри Ҳисор нисбати Ҷураев бо моддаи 179 илова 2 ва 401 илдоваи 1 (маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта)- и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда ба додгоҳ ирсол намуд.

Полковники тоҷик аз зуҳури "ДОИШ" дар Афғонистон баъди шикаст дар Сурия гуфт

Додгоҳи шаҳри Ҳисор Ҷураевро гунаҳкор дониста, ӯро ба мӯҳлати 13 сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум намуд.

Барчаспҳо:
ДОИШ, ҳукм, додгоҳ, Ҳисор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ