06:44 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Мошини ёрии таъҷилӣ, акс аз бойгонӣ

Захмӣ шудани 2 низомии Русия дар Тоҷикистон

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1255 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон маҷруҳ шудани ду низомии пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳри Бохтарро таҳқиқ дорад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ду низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бар асари зарбаи корд маҷруҳ шудаанд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik бо такя ба хадамоти матбуоти ҳавзаи марказии ҳарбии Русия.

Умарҷон Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ин иттилоъро тасдиқ кардааст.

Котиботи ҳавзаи марказии низомии Русия хабар додаст, ки феълан ин қазия мавриди таҳқиқ қарор дорад.

"Фармондеҳии пойгоҳи 201‑ум дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бохтар айни ҳол ҳодисаи ҷароҳат бардоштани ду низомиро таҳқиқ доранд", - омадааст дар иттилоия.

Бар асоси иттилои муқаддамотӣ, ҷароҳатро низомиён дар вақти берун аз хидмат дар пайи аъмоли ғайриқонунии сокини маҳаллӣ бардоштаанд. Асли қазия ва ҷузъиёт мавриди тафтиш қарор дорад.

Шойгу вазъияти марз дар қисмати ғарби Русияро нигаронкунанда хонд

Феълан ба низомиён кумаки тиббӣ расонда шуда, ба ҳаёташон таҳдиде нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳоли ҳозир ба таҳқиқи ҷузъиёти қазия машғуланд.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар берун аз қаламрави он ба ҳисоб рафта, беш аз 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.

Барчаспҳо:
таниш, корд, маҷруҳ, захмӣ, Пойгоҳи низомии 201-ум, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ