00:54 23 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Куҳҳои Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Наҷоти гардишгарони раҳгумзадаи исроилӣ дар Помир

© Sputnik Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Маъмурини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо кормандони наҷоти Ожонси Оқохон дар умури зистгоҳ чор гардишгари исроилиро, ки дар куҳҳои Помир раҳгум заданд, наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, гардишгарони исроилӣ дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Помир раҳгум зада буданд.

“Рӯзи 17 сентябри соли равон ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр, дар қаламрави ноҳияи Шуғнон чор гардишгари исроилӣ сигнали “SOS” ирсол карданд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар пайи дарёфти бонги хатар, муайян карда шуд, ки чор сайёҳи  23 - 26-сола, ки яке аз онҳо зан мебошад, дар наздикии маконе бо номи Кулини ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон қарор доранд. 

“Расидан ба ин баландӣ на бо мошин имкон дошт ва на чархбол, аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон аз аспҳо, техникаи махсус ва таҷҳизоти вижа кор гирифтанд. Ва боз ҳам лозим омад 20 километр масофаро пиёдаву савор тай кунанд. Билохира, рӯзи 19-сентябр ба макони таъиншуда расиданд. Аввалин коре, ки анҷом доданд ба Бену Моше Шай кумаки аввалияи тиббӣ расонданд, мавсуф бар асари камбуди оксиген дар бадандӣ бемор шуда буд”, - таъкид кардааст Кумита.

Ин ниҳод афзуд, субҳи рӯзи  20 сентябр, соати 06:20 наҷотдиҳандагони КҲФ гардишгаронро ба аспҳо савор карданд ва бо ёрии заврақе, ки дар кӯли Сарез омода карда буданд, ба майдони парвози чархбол расонданд. Ба иттилои Кумита, аз он ҷо сайёҳон аввал ба шаҳри Хоруғ бурда шуданд.

Дар Хатлон кӯдаки дусола ба пайҷои думетраи симчӯб сарозер шудаст

“Ду нафарашон он ҷо монданд ва ду тани дигарро ба шаҳри Душанбе фиристоданд. Аз фурудгоҳ барои расонидани кумаккҳои тиббӣ онҳо дар бемористони “Истиқлол” бистарӣ карда шуданд”, - тавзеҳ додааст Кумита. 

Барчаспҳо:
Сарез, наҷотдиҳанда, сайёҳон, гардишгарон, ноҳияи Шуғнон, Тоҷикистон-ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ