18:40 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
955 0 0

Ронандаи автомашинаи "Мерседес- Бенс-180", ки ду кӯдаки ноболиғ аз як хонаводаро пахш намуд, яке аз онҳо дар бемористон ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 30-юми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 17:00 рух додаст.

Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс-180", Адҳамов Бахтиёри 31 - сола,  сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагардонро пахш мекунад.

Садамаи маргбор: ҷавони 19 сола худравро ба заҳбур чаппа кард

Ба иттилои сарчашма, ронада, Раҷабова Майсара Мубиновнаи 26 - сола ва ду кӯдаки 6 ва 2 сола, Раҷабова Нуронахон Носирҷонова ва Нуруллои Раҷабӣ Носирҷонов, ки аз як хонавода ҳастанд, бо мошинаш пахш намудаст.

Дар натиҷа Раҷабова ва хурдсол Нурулло ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва пиёдагарди хурдсол Нуронахоназ ҷароҳатҳои гуногуни бардоштааш, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар Суғд бар асари садамаҳои нақлиётӣ 77 нафар ҷон бохтаанд

ВУД мегӯяд, кормандони милитсия таҳқиқи ин ҳодисаро шурӯъ намуданд.

Барчаспҳо:
пиёдагард, ҳалокат, роҳ, мошин, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ