07:12 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Машина скорой помощи в США, архивное фото

Тирпарронӣ дар Миссурии ИМА чор кушта бар ҷой гузошт

© AP / Mike Groll
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Дар паи тирпарронӣ дар шаҳри Канзас-Ситии ИМА чаҳор меҳмони тарабхона ба ҳалокат расида чанд тани дигар захмӣ шуданд

Душанбе, 6 окт — Sputnik. Дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Канзас-Ситии иёлоти Миссурӣ, шахси номаълум ба сӯи меҳмонон оташ кушод, хабар медиҳад, FOX 4 бо такя ба мақомоти қудратӣ.

Ҳодисаи куштор субҳи рӯзи якшанбе ба вуқӯъ пайваст.

Дилноза Абдусамадова дар бораи ҳамлагари Ню-Йорк: "ӯ шахси ором буд"

Дар паи тирпарронӣ чор кас ҳалок ва панҷ нафари дигар ҷароҳатдору дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар бораи вазъи захмиён, то ҳол хабар дода нашудааст.

"Нӯҳ тир ва чор кушта дар шаҳри Канзас-Ситии иёлоти Миссури", - омадааст дар хабарнома.

Вақтҳои охир дар ИМА ҳодисаҳои тирпарронӣ зиёд шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи август дар Техас, Огайо ва Чикаго беш аз 30 кас ба ҳалокат расид.

Барчаспҳо:
тирпарронӣ, Миссури, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ