05:59 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор дар ҳудуди деҳоти Чимтеппа: ронандаи ҷавон ба ҳалокат расид

© Sputnik / Илья Питалев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1223 0 0

Дар натиҷаи як садама, ки ахиран дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппа рух додааст ронандаи мошини “ВАЗ-21011” ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст дар як садама, ки ахиран дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппа рух додааст Абдуллоев Хуршед Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1992  сокини деҳаи Ҳосилот ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 07-октябри соли равон, тахминан соати 06:00 рух додааст.

“Ронандаи афтомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Зайниддинов Аломиддин Зиёвиддинович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппа бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21011”, таҳти идораи Абдуллоев Хуршед Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Ҳосилот бархурдааст”, қайд намудааст ВКД.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21011”, Абдуллоев Х.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро  идома доранд.

Барчаспҳо:
ронанда, ҳалокат, садамаи маргбор, маргбор, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ