15:18 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
114202

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз муноқишаи ду ҷавон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ба марг анҷомид

ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия ҷавони 19 - соларо боздошт намудаанд, ки дар куштори як наврас гумонбар дониста мешавад. 

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи куштор рӯзи 8 октябри соли равон дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе рух додаст.

Фарзанд қарз гирифту падар ҷавоб гуфт: кордкашии ду ҳамдеҳа барои қарзи писар

Гуфта мешавад, ҷавони 19 - сола соати 07:40 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар кӯчаи мазкур бо навраси 17 - сола, сокини кӯчаи Ҳаёти Нав муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

ВУД мегӯяд, наврас бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дастгир шудани ду ноболиғ барои авбошӣ дар Душанбе

Феълан кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
марг, кордкашӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ