18:46 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Дорожный знак, архивное фото

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ": кӯдаки 2 сола зери чархи мошин монд

© Фото : CC0 / Rico_Loeb
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
264 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ" хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон. ҳодисаи мазкур рӯзи 10 - уми октябри соли равон тахминан соати 17:00 рух додааст.

Манбаъ меафзояд, ронандаи худрави "Мерседес-Бенс", бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста кӯдаки 2 - соларо зер мекунад.

"Шарифов Хусрав Файзалиевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ" дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, хурдсол Юлдошев Абдуллоҷони 2 - сола, сокини деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри мазкурро, пахш намудааст", - гуфта мешавад дар хабари сарчашма.

Ронандаи "КИА-Бонго" пиёдагарди 4 соларо зер кардаст

Дар натиҷаи кӯдаки 2 - сола бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидаст.

Бар хабари ВУД Тоҷикистон феълан таҳқиқи ин ҳодисаи нохуш идома дорад.

Барчаспҳо:
кӯдак, ҳалокат, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ