18:20 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Полицейские машины, архивное фото

Ҳалокати таксирони тоҷик дар пайи бархӯрди мудҳиш бо Камаз - навор

© Sputnik / Александр Вильф
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
761 0 0

Дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав садамаи мудҳиши нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаст, ки дар натиҷа ронандаи таксӣ, ки шаҳрванди Тоҷикистон будаст, ба ҳалокат расидаст

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар деҳаи Павловская Слободаи ноҳияи Истра, чанде пеш мошини боркаши Камаз бо худрави таксӣ бархӯрдаст, хабар медиҳад  сомонаи Истра.РФ.

Бар хабари манбаъ, аснои бархӯрдан, мошини сабукрав оташ гирифта, ронандаи он ҷони худро аз даст додааст.

Гуфта мешавад, алъон дар ҷойи ҳодиса кормандони пулис ва оташнишонон фаъолият доранд ва ҳаракати нақлиёт низ тариқи ин масир муваққатан масдуд аст.

Садамаи пурқурбонӣ: бархӯрди “Опел”-и ҳомили кӯдакон бо “Хундай

Зимнан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, корбарони тоҷик акс ва навори садамаи мудҳишро ҷой дода, афзудаанд, ки марҳум шаҳрванди Тоҷикистон будаст.

Феълан маълумоти бештар дар бораи муҳоҷири ҳалокшудаи тоҷик рӯи даст нест.

Барчаспҳо:
тоҷик, муҳоҷир, садама, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ