17:55 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Қиморбозӣ, акс аз бойгонӣ

Видеои қиморхонаҳои чипдори Душанбе ва мизоҷони хонабардӯши “Инвест Лото”

© Sputnik / Виталий Аньков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1583 0 0

Додситонии шаҳри Душанбе аз ошкор шудани шабакаи қиморхонаҳои “Инвест лото” дар пойтахт хабар дод, ки мизоҷонашро хонабардӯш кардааст

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Хуршед Сатторзода, сардори шӯъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии Душанбе мегӯяд, 20 сентябри соли 2019 дар пайи муроҷиати гуруҳи шаҳрвандон дар бораи фаъол будани қиморхонаҳо дар пойтахт, якҷоя бо маъмурини раёсати кофтукоби ҷиноии ВУД Тоҷикистон амалиёт гузарондаанд.

Бар асоси гузориши телевизиони Тоҷикистон, қиморхонаҳоро ширкати “Инвест лото” дар маҳаллаи Гипрозем, кӯчаҳои Бухоро, Нусратулло Махсум, Лоҳутӣ ва Неъмат Қарабоеви пойтахт ва навоҳии атроф ташкил намудааст.

Ба иттилои манбаъ, “Инвест лото” 5 майи соли 2019 аз ҷониби Муҳиддин Назаров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ташкил шуда, аввал дар тарабхонаи “Миллениум”-и Душанбе баъдан дар нуқтаҳои дигари пойтахт ва Ваҳдату Ёвон фаъолияташро роҳандозӣ кардааст. Манбаъ афзуд, ки Назаров ташкили қиморбозиро дар Бишкек аз афроди номаълум ёд гирифтааст.

Ташкилкунандаҳои хориҷии қиморхонаҳо дар Душанбе-навор

Додситонӣ гуфт, дастандаркорони қиморбозӣ, ки дар миёнашон Милош Алексич, шаҳрванди Сербия ва Максим Попович, шаҳрванди Черногория низ буданд, тариқи сақоҳои чипдор мизоҷонро ба доми фиреб андохтаанд.

Дар гузориши нашршуда ҷабрдидаҳо изҳор медоранд, ки дар аввал бурд мекарданд, аммо баъдан маҷбур шуданд, хонаҳою мошинҳояшонро фурӯшанд ва боз қарздор монанд.  

Ба иттилои додситонӣ, аз муттаҳамон 1 миллион 300 ҳазор сомонӣ, 200 ҳазор доллар, 3 ҳазор евро, 200 ҳазор рубли русӣ, 18 автомашинаи гаронарзиш мусодира гардида, суратҳисоби бонкияшон ба ҳабс гирифта шудааст.

Хуршед Сатторзода мегӯяд, алайҳи дастандаркорон барои ташкили қиморхона, муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, муттаҳамон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Назари худи айбдоршавандаҳо дар бораи иттиҳоми эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.

Мавзӯъҳои асосӣ