18:39 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Нож в руке

Ҳушдори Раёсати ВУД ба сокинони пойтахт пас аз чандин ҳодисаи кордкашии ноболиғон

CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
445 0 0

Раёсати умури дохилии Тоҷикистон дар бастагӣ ба зиёд рух додани кордкашӣ ва қатли ноболиғон аз зарби корд, ӣа падару модарон ва тамоми сокинони пойтахт ҳушдор додаанд

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik.  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз афзоиш ёфтани ҳолатҳои авбошӣ ва кордкашӣ миёни ноболиғон бонги изтироб мезанад.

Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохилаи Тоҷикистон,  аснои баргузор кардани амалиёти шартии "Корд" дар ҳудуди пойтахт маълум гардид, ки новобаста аз чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳанӯз ҳам ноболиғону ҷавонон корду дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ мегардонанд.

Кордкашии дигари донишҷӯ дар маҳаллаи 103-и Душанбе

Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, хоҳиш менамояд, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавнон саҳми худро гузоранд.

Зимнан роҳбарияти РВУД аз падару модарон талаб намудааст, ки фарзандони худро пайваста таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

"Зеро тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ аксар вақт баҳсу нофамиҳои ночиз оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, махсусан ба одамкушӣ бо истифода аз корд оварда мерасонад, ки дар натиҷа чандин нафар ҷавонону наврасон маҳбасӣ мешаванд", - гуфта мешавад дар муроҷиатномаи расмии РВУД.
Барчаспҳо:
ноболиғон, кордкашӣ, Раёсати ВКД, ҳушдор

Мавзӯъҳои асосӣ