10:03 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
286 0 0

Бархурди локомотиви дизелӣ бо мошини тамғаи “Чанху” дар 215 километр дар роҳи оҳани ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – шаҳри Бохтар сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Бино бар иттилои ВКД Тоҷикистон рӯзи 16 октябри соли равон дар 215 километр дар роҳи оҳани ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – шаҳри Бохтар бархурди локомотиви дизелӣ бо мошини тамғаи “Чанху” сурат гирифтааст, ки дар натиҷа як мусофири мошин ба ҳалокат расидааст.

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, тахминан соати 16:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи “Чанху”, Раҳматов Алишер Субҳонович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат кардан дар 215 километр дар роҳи оҳани ноҳияи Ҷ.Балхӣ – шаҳри Бохтар, воқеъ дар ноҳияи Вахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба локомотиви дизелӣ ТЭМ №5016, таҳти идораи машинист Тошпулотов Эргашалӣ, сокини шаҳри Бохтар, бархӯрдааст. 

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғи “Чанху” Мелибоева Ҷангил Эргашевна, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мусофири дигар Усмонов Сунатулло Шодиевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

Барчаспҳо:
ҳалокат, мусофир, Ҷалолиддини Балхӣ, Бохтар, роҳи оҳан, мошин, бархурд, бархурдан, садама

Мавзӯъҳои асосӣ