Садамаи мудҳиш дар Душанбе: ронандаи ноболиғ ҳамсолашро кушт ва се ҷавонро бистарӣ кард

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ, бо ширкати ронандаи ноболиғ хабар медиҳад, ки як ҳамсолашро ба ҳалок расонида се каси дигарро бистарӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бино ба гузориши ВУД, ин ноболиғ бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари чанбарак нишаста будааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳодиса рӯзи 16-уми октябри соли 2019, тахминан соати 19:00, дар шаҳи Душанбе ба вуқӯъ омадааст.

Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиа: ронандаи “Мерседес” бо суръати баланд зан бо 2 кӯдакро зер кард-видео

Ронандаи автомашинаи тамғаи "ВАЗ-21099", ноболиғ, Шарифов Аҳмадшо Амирқулович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Авули пойтахт, дар кӯчаи Тунис аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Юсуфов Саид Идибекович, соли таваллудаш 1993 ва Маҳмадшоев Салимҷон Бегиҷонович, соли таваллудаш 1995, сокинони кӯчаи Авулро пахш намуда, баъдан, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. 

Куштор ё худкушӣ: шарҳи расмии марги Азимшоев - масъули Комиссариати ҳарбии ВМКБ

"Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Ҳафизов Азиз Машрабович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Шаҳрванди 34 солаи тоҷик пас аз фавти кӯдаки 2 моҳааш дар Русия даст ба худкушӣ зад

Манбаъ афзуда, ки дигар мусофирони автомашинаи мазкур: Манучеҳри Уктам, Раҷабов Шариф Илҳомиддинович, соли таваллудашон 2002, сокинони шаҳри Душанбе ва пиёдагард Юсуфов С.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистое мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0