11:04 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
247 0 0

Ин ҳодисаи аҷиб дар консерт дар Лас-Вегас ба вуқӯъ пайваст. То ҳол дар бораи захмӣ шудани ҳунарманд ва мухлисаш хабар дода нашудааст

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сароянда ва ҳунарпешаи амрикоӣ Леди Гага зимни ҳунарнамоӣ дар Лас-Вегас ҳамроҳи мухлисаш аз саҳна сарозер шуд. Навори ин ҳодиса дар шабакаи Twitter нашр шудааст.

Бино ба гузориши нашриёт, ин ҳодисаи аҷиб дар консерт дар Лас-Вегас ба вуқӯъ пайватааст. Азнавор дида мешавад,чигуна Леди Гага ҳангоми рақс бо мухлисаш аз рӯи саҳна сарозер мешавад.

Мухлис Гагаро рӯи даст мегирад ва ҳунарманд пойҳояшро дар миёни ӯ ҳалқа мекунад. Дар ҳамин ҳол мард ба чизе бархӯрда ҳамроҳи сароянда аз рӯи саҳна меафтад.

То ҳол номаълум аст, оё дар паи ин ҳодиса ҳунарпеша захмӣ шудааст ё не.

Барчаспҳо:
афтид, саҳна, рақс

Мавзӯъҳои асосӣ