КҲФ чӯпони 41 - солаеро дар Ваҳдат наҷот доданд, ки ба ҷарӣ сарозер шуд

© Сайт КЧС ТаджикистанаСотрудник спасательной службы
Сотрудник спасательной службы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз наҷот додани як чӯпон хабар медиҳад, ки дар деҳаи Чорсӯи шаҳри Ваҳдат ба ҷарӣ сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, санаи 20 октябри соли равон наҷотдиҳандагон хабари ба ҷари сарозер шудани як чӯпон аз шаҳри Ваҳдатро дарёфт намуданд.

Архары на дороге. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Мурғоб зану шавҳари лаҳистониро наҷот доданд

Манбаъ меафзояд, пас аз дарёфт намудани хабари мазкур, кормандони наҷот ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ва занбар, чӯпони 41 - соларо аз умқи беш аз 15 метр боло оварданд.

КҲФ: ду кӯҳанаварди рус пас аз 19 соати ҷустуҷӯ дар қаторкӯҳҳои Фон пайдо шуданд

Гуфта мешавад, ҳангоми ба ҷарӣ сарозер шудан дасти чӯпон шикастаст.

Зимнан, чӯпонро пизишкони мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона интиқол доданд.

Феълан, чӯпон дар бемористон қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.

Даҳшат: ҷавон барои наҷоти арӯсаш тӯъмаи хирси ваҳшӣ шуд

Лентаи хабарҳо
0