12:01 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Knife

Милитсия нафаре, ки марди 57-соларо дар бозори “Ҳоҷи-Қудратулло” корд зад, боздошт кард

© Flickr / Mr Korn Flakes
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
251 0 0

Кормандони милистияи ноҳияи Вахш марди 51-соларо боздошт намуданд, ки дар сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати коҳои дихилаи Тоҷикистон сокини ҷамоати шаҳраки Киров, деҳаи Ҳосилободи ноҳияи Вахш, ки дар сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад дастгир шуд.

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, кормандони милитсия, марди 51-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Киров, деҳаи Ҳосилободи ноҳияи Вахш, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд. 

“Номбурда, санаи 23-юми соли 2019, тахминан соати 11:00-дақиқа дар бозори “Ҳоҷи-Қудратулло”-и ҳамин ноҳия бо марди 57-солаи сокини деҳаи Навобод ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қисми гарданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҳоли ҳозир дар бемористон бистарӣ гардидааст.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Вахш, гумонбар, сӯиқасд, боздошт, мард, Тоҷикистон, милитсия

Мавзӯъҳои асосӣ