15:00 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Корманди пулис, акс аз бойгонӣ

Наврас, ҷавонзан ва марди миёнсол бедарак шудаанд: кумакхоҳии ВУД - видео

© Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
323 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз мардум хост, дар пайдо намудани се нафаре, ки ба таври мармуз бедарак шудаанд, кумак кунанд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД дар гузориши ахираш сурати як ҷавонзан, наврас ва марди миёнсолро намоиш дода, таъкид намуд, ки ин афрод бо сабабҳои номаълум бедарак гашта, феълан мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

ВУД дар охири гузориши ҳафтаинааш дар феҳрасти бедаракшудаҳо, Савринисои Саидаҳмад, зодаи соли 1992, сокини шаҳри Бохтарро ном бурд. Манбаъ афзуд, ки Савринисо мубталои бемории руҳӣ буда, аз 14 октябри соли равон бедарак мебошад.

Бедаракшудаи дигар наврас Сино Сангов, мутаваллиди соли 2004, сокини ноҳияи Файзобод, мебошад, ки аз 15 октябри соли ҷорӣ сарнавишташ номаълум мебошад.

Мақомот инчунин Фахриддин Назаров, зодаи соли 1955, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисорро меҷӯянд, ки ба гузориши ВУД, номбурда 8 августи соли ҷорӣ аз хона баромада бедарак гаштааст.

ВУД аз мардуми кишвар даъват кардааст, ки дар сурати пайдо кардани иттилое дар бораи тақдири афроди зикршуда, тариқи рақамҳои 2 21 21 21 ва 227 98 98 ба мақомоти умури дохилии Тоҷикистон хабар диҳанд.  

Барчаспҳо:
бедарак шудан, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ