20:43 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Уничтожение  незаконных наркотических веществ, архивное фото

Боздошти тоҷикистонӣ бо 20 кг героин дар Узбакистон ҳангоми қасди интиқол ба Қазоқистон

© Sputnik Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
61010

Мақомоти интизомии Узбакистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки қасди интиқол додани 20 кг маводи мухаддир ба Қазоқистонро доштаст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Кормандони Раёсати амниятии давлатӣ дар вилояти Сирдарё, як тоҷикистониро боздошт намуданд, ки кӯшиши интиқол додани миқдори калони маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Қазоқистонро дошт, хабар медиҳад УзА.

Тафтишот муайян намудаст, ки шаҳрванди Тоҷикистон, қаблан ин миқдор маводи сахттаъсири героинро ба Узбакистон интиқол дода, дар хонаи як шарики худ дар Тошканд онро пинҳон намудаст.

Шаҳрванди Тоҷикистон хост 12 кило маводи мухаддирро ба Қазоқистон таҳвил диҳад

Кормандони мақомоти интизомӣ бар инанд, ки ташкилкунандаи асоси интиқоли 20 кг маводи мухаддир шаҳрванди Қазоқистон аст, ки ба хотири таҳвили минбаъдаи он ба Узбакистон омадааст.

Интиқолдиҳандагони маводи мухаддирро дар вилояти Сирдарё боздошт карданд ва аз онҳо 20 кг 32 грамм маводи сахттаъсири героинро мусодира карданд.

Милисаҳо дар Суғд 700 кило маводи мухаддирро сӯзонданд

Гуфта мешавад, аснои ба бозори сиёҳ роҳ ёфтани ин миқдор маводи мухаддир он ба қиммати 300 ҳазор доллар фурухта мешуд.

Феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
тоҷик, шаҳрванд, боздошт, героин, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ