15:40 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Воровство, архивное фото

Ду ноболиғи 12 сола аз хонаи марди 40-сола 26 ҳазор сомонӣ дуздиданд

© Sputnik / Miroslav Rotari
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
119 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду ноболиғи 12-сола, ки дар дуздии хонаи марди 40-сола айбдор мешаванд хабар додааст

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран дар пойтахти кишвар ду ноболиғи 12 –сола барои дуздии 26 ҳазор сомонӣ аз хонаи марди 40-сола дастгир шуданд.

Милисаҳои тоҷик “Дузди боинсоф”-ро тамошо карданд

Тавре манбаъ қайд намудааст, ахиран ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 40-сола муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромаданд ва аз он ҷо 26 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони милитсияи пойтахт зимни ҷустуҷӯ ду ноболиғи 12-солаи сокинони кӯчаи К.Раҳимови ноҳияи Исмоили Сомониро бо гумони дуздӣ дастгир карданд.

Боздошти боз як дузди мошин дар пойтахти кишвар

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи пойтахт аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

Барчаспҳо:
айбдор, Вазорати умури дохила, хона, дуздӣ, ноболиғ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ