06:05 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Сомони и доллары, архивное фото

Муроҷиати ҷавон ба милиса барои баргардондани 25 ҳазор доллар

© Sputnik / Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
176 0 0

Ҷавони 20-сола аз мақомоти умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хостааст, дар баргардондани 25 ҳазор доллараш ба ӯ мусоидат кунанд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба шуъбаи умури дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, бо ариза марди 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намуда, аз фиребкории марди 38-сола шикоят кардааст.

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки моҳи январи соли 2018, марди 38-солаи сокини кӯчаи Заҳматободи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 25 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки солҳои охир муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти умури дохилӣ дар мавриди афроде, ки қарз гирифтаанду саривақт нагардондаанд, зиёд сабт шудаанд.

Мақомоти умури дохилӣ зиёд дар бораи фиреб ва сӯиистифода аз боварии шаҳрвандон хабарҳо нашр карда, таҳқиқи чунин ҳолатҳоро бо иттиҳоми қаллобӣ роҳандозӣ мекунад.

Барчаспҳо:
парванда, қаллобӣ, ВУД, муроҷиат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ