13:52 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Марзбон Изатуллоҳи Абубакр бо падараш

Ҳалокати марзбон - писари мулло Абубакр ва нозири минтақавӣ дар ҳамлаи "ДОИШ"-аксҳо

© Facebook / Изатуллои Абубакр
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
9291 0 0

Марзбон Иззатуллоҳи Абубакр, писари мулло Абубакр аз маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе дар пайи ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон кушта шудааст

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Иззатуллоҳи Абубакр, фарзанди яке аз руҳониёни шинохтаи маҳаллаи Зарафшон, Абубакр Латипов буда, 26 сол дошт, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон. Ӯ навхонадор буд, гуфтанд наздикони Изатуллоҳ.

Погибший пограничник  Изатуллои Абубакр
Погибший пограничник Изатуллои Абубакр

Аз маъмури милисаи кушташуда Баҳром Шоҳзода ном бурда мешавад, ки нозири минтақавии деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ будааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар марз бо Узбакистон 15 ҳамлавар кушта шуданд. Дар аксҳое, ки ВУД аз ҷои ҳодиса нашр кардааст, ҷасади зан низ намудор аст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки шаби 06-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод” ҳамла карданд, ҳама аъзои “ДОИШ” буда, шаби 3-юми ноябр аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд.

Ҳабдаҳ кушта: ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон-акс

"Гуруҳи мусаллаҳи террористӣ, санаи 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус, бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод"-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд", - омадааст дар иттилоияи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ.

Аммо дар мавриди шахсияти ҳамлагарон ва ин ки шаҳрванди кадом кишваранд, феълан маълумоте ироа нашудааст.

Барчаспҳо:
қаҳрамонӣ, ҳалокати ҷавон, марзбонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ