04:28 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Маъмурини милиса, акс аз бойгонӣ

Кордзанӣ дар Рӯзи Конститутсия

© Sputnik / Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
573 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати авбошии марди 51-сола дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб хабар додааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik.  Тибқи иттилои ВУД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса марди 51-сола, сокини кӯчаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда, санаи 6 ноябри соли 2019, тахминан соати 15:20-дақиқа, ҳангоми дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ҷанҷол карда, ӯро корд задааст”, - иттилоъ дод ВУД.

Манбаъ тавзеҳ додааст, ки марди 51-сола бе ягон асос бо марди 40-сола ҷанҷол намуда, бо корди ошхонагии дар дасташ буда 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш задааст.

Муроҷиати ВУД ба сокинони Душанбе: падарону модарон, фарзандони худро назорат кунед

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ