18:57 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Вор. Грабитель

Маҳкумияти ду шаҳрванди тоҷику узбак ба 9 соли зиндон барои ҳамла ба шаҳрвандони Чин

ГУВД Ташкента
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
31501

Додгоҳ дар қиболи ду шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон ҳукм бароварда, онҳоро ба мӯҳлати 8 ва 9 солӣ аз озодӣ маҳрум намуд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар вилояти Челябинск ду шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон ба шаҳрвандони Чин ҳамла карда, маблағи онҳоро тасарруф намуданд, хабар медиҳад прокуратураи ин вилоят.

Манбаъ меафзояд, шаҳрвандони тоҷику узбак ҳанӯз моҳи октябри соли 2018 дар ноҳияи Калинскии ин вилоят бо силоҳи сард муҷҷаҳаз шуда, ба манзили иҷораи марди чинӣ зада даромада, бо таҳдиди қатл намуданаш,  аз ӯ 178 500 рубл тасарруф намуданд.

Ду ноболиғи 12 сола аз хонаи марди 40-сола 26 ҳазор сомонӣ дуздиданд

Зимнан, бо гузашти ҳамагӣ чанд рӯз манзили иҷораи як шаҳрванди дигари Чинро ҳадафи ҳамла қарор дода, ба маблағи 490 500 рубл ба ӯ зиён расонданд.

Додгоҳи Челябинск мегӯяд, ки яке аз ин ду нафар қаблан доғи судӣ доштааст.

Ҳамин тавр, додгоҳ ин ду шаҳрванди Осиёи Марказииро дар содир намудани ҷиноят айбдор дониста, онҳоро ба мӯҳлати 8 ва 9 солӣ аз озодӣ маҳрум намуд.

Боздошт шуданд: Раёсати ВУД зарари қолиндуздҳоро 50 000 сомонӣ гуфт - навор

Гузашта аз ин, бо  қарор додгоҳ айбдоршавандаҳо муваззаф гардиданд, ки маблағи ба шаҳрвандони чинӣ хисорот расондаро низ пардохт кунанд.

Барчаспҳо:
маҳкум, зиндон, Узбакистон, Тоҷикистон, шаҳрвандон

Мавзӯъҳои асосӣ