13:59 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ

Ҷанозаи нафари шашуми ҳодисаи “Ишқобод”: Аҳмадзодаю Ватанзода фотиҳахонӣ рафтанд

© Sputnik / Андрей Стенин
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2999 0 0

Маросими дафни Наимҷон Саидолимов сарбозе, ки дар пайи як задухӯрд бо гурӯҳи мусаллаҳ дар марз кушта шуд, бо иштироки масъулони баландмақоми ҳукумати вилояти Суғд, баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Алорағми хабари мақомот, сарбоз Наимҷон Саидолимов ҳоло нафари шашум гуфта мешавад, ки дар қатори чор марзбон ва як корманди милиса дар дидбонгоҳи “Ишқобод” ба ҳалокат расидааст.

Аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дирӯз маросими видоъ бо Наимҷон Саидолимов дар зодгоҳаш воқеъ дар ҷамоати Дадойбой Холматов баргузор шудааст. Дар маросими ҷанозаи ин сарбози дар марз ба ҳалокат расида, дар иҳотаи хешу пайвандонаш, масъулин аз ниҳодҳои сарҳадбонӣ, мудофиа ва раёсати корҳои дохилии Суғд иштирок кардаанд.

"Дар маросими ҷанозаи Наимҷон Саидолимов, ба ҳисоби дигар кормандони ҳукумати ноҳия, Зариф Назирӣ, раиси ноҳия ва Анвар Яъқубӣ муовини раиси вилояти Суғд иштирок доштанд", -  гуфт манбаъ.

Ба иттилоъи манбаъ, ҷасади ин сарбози дар марз ҳалокшуда, дар шаби 6 ба 7 уми ноябр ба волидонаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол дода шудааст.

"Убури доишиён ба Тоҷикистон": вулусвол гуфт, феълан далеле нест, таҳқиқ идома дорад

Манобеъи раднопазир мегӯянд, рӯзи 7-уми ноябр, Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ва Маҳмадалӣ Ватанзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон барои фотиҳахонӣ ба манзили волидони Наимҷон ба ноҳияи Б. Ғафуров рафта, ба волидони сарбоз изҳори ҳамдардӣ баён доштаанд.

Рӯзи гузашта ҷанозаи ду қурбонии ҳодисаи ахир дар “Ишқобод” капитан Диловар Толибов ҷонишини фармондеҳи дидбонгоҳи наздисарҳадии “Султонобод”, пеш аз зуҳри бо иштироки масъулини марзбонӣ, Зафарбек Давлатзода, раиси шаҳри Конибодом ва Рустам Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд, дар шаҳри Конибодом ва хоксупории бо Ҳофизҷон Ҳусайнов, сарбози дидбонгоҳи сарҳадии “Султонобод”,  бо иштироки Хол Ҳайдар, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент дар ҷамоати Форёб баргузор гардидааст.

Нападение на погранпост в Таджикистане: эхо Афганской войны
МВД Таджикистана/RUPTLY/Пресс-служба Минобороны России

Қаблан аз ҳалокати марзбон Иззатуллоҳи Абубакр, писари мулло Абубакр аз маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ва Баҳром Шоҳзода, нозири минтақавии деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ дар пайи ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон хабар дода шуда буд.

Ду зан куштаю 3 боздошт шуданд: "ДОИШ аз занҳои истаравшанӣ маргталаб омода кардааст"

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар доданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар аввал теъдоди кушташудагон миёни афсарону сарбозони кишварро ду нафар арзёбӣ карданд. Баъдан манобеи дигар аз ҳалокати 5 нафар хабар доданд. Аз сарбози ҳалокшудаи панум  Ғаниҷони Давлат ном бурда шуд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон феълан расман ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накардаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ