18:30 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Молоток судьи

Куштор: Ҷӯрақулов барои қатли шавҳари хоҳараш ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Максим Богодвид
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
317 0 0

Додситонии кулли Тоҷикистон дар қиболи сокини вилояти Хатлон ҳукм бароварда, ӯро барои куштори шавҳари хоҳараш ба 10 соли зиндон маҳкум намуд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik.  Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур аснои барзиёд истеъмол намудани машрубот рух додаст.

Манбаъ меафзояд, Ҷӯрақулов Сироҷиддин Файзуллоевич , хоҳар ва ҳамсари ӯро ба хонаи худ  воқеъ дар деҳаи Доққӣ, деҳоти 20 солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба меҳмонӣ бурда, онҷо ҳамроҳи шавҳари хоҳараш Намозов Илҳом Худоқулович нишаста нӯшокии спиртӣ истеъмол мекарданд.

"Ҳангоми бозгашт Ҷӯрақулов ба Намозов  таклифи ҳамроҳ рафтанро мекунад, вале хоҳараш ба ин монеъ мешавад, чун бародари ӯ дар ҳолати мастӣ карор дошт", - омадааст дар хабар.

Зимнан, Намозов завҷаи худро бинобар монеъ шудан ба рафтани онҳо, телла додаст, ки ин боиси хашми бародари ӯ Ҷурақулов гардидааст.

Ҳамин тавр, миёни онҳо муноқиша бархоста, дар дохили автомашина ҳамдигарро латукӯб намуданд ва пас аз мошин берун шудан низ кӯфтани ҳамдигарро идома додаанд.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад,  ғазаби Ҷӯрақулов паст нафаромада, ҳамсари хоҳарашро то хонаи истиқоматии онҳо гусел намуда, дар он ҷо бо корд ба қисми рости бадани Намозов зарба мезанад, ки мавсуф дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Прокурори ноҳияи Қӯбодиён нисбати Ҷурақулов  бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкӯшӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, ба додгоҳ ирсол кардаст.

Ба тибқи ҳукми баровардаи суди ноҳияи Қубодиён,  Ҷуракулов  ба мӯҳлати 10 сол  бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум гардид.

Барчаспҳо:
ҳукм, додгоҳ, куштор

Мавзӯъҳои асосӣ