19:48 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Дидбонгоҳи маҳбас, акс аз бойгонӣ

Фасодкорӣ дар зиндон: пули зиёдро дар ним сол аз худ кардаанд

CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
626 0 0

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани фасодкорӣ дар идораи зиндонҳои вилояти Хатлон хабар дод, ки бо маҳкумияти сармуҳосиб ва ду нафар шарикаш анҷомидаст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кул, Муминзода Тағоймурод Мумин дар вазифаи сармуҳосиби муассисаи ислоҳии рақами 3/9-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ кор карда, дар маслиҳат бо дигарон тайи ним сол беш аз 248 ҳазор сомониро аз худ кардааст.  

“Муминзода бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон, аз моҳи май то декабри соли 2018 бо роҳи нест кардани қисми ордерҳои даромади хазинавӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ маблағи 248 ҳазору 502 сомониро аз они худ намуда, бо ин кирдорашон ба манфиати давлат зарари махсусан калон расонидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Додситони вилояти Хатлон барои ин кор нисбати Исмоилзода Саидаҳмад Маҳмадкарим ва Худойбердиев Отабек Музаффарович бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои исрофкорӣ ва сохтакорӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда намудаст.

Додгоҳи шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Муминзода Т.М., Исмоилзода С.М. ва Худойбердиев О.М. гунаҳкор дониста, ба ҷазои сазовор маҳкум кардааст. Мушахассан, ки маҳкумшудагон чӣ ҷазо гирифтаанд, Додситонии кул иттилоъ надодааст.

Барчаспҳо:
фасод, маҳбус, масъулин, зиндониён, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ