12:40 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
333 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи дигари маргбор дар ноҳияи Данғара хабар дод, ки бо марги марди пиёдагард анҷомидаст

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, сонеҳаи нақлиётии мазкур 8-уми ноябр, тахминан соати 19:30-дақиқа рух додаст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Миҷгона Қурбонова, ронандаи 20-солаи “Тойота Корола”,  ҳангоми ҳаракат аз Кӯлоб ба сӯи Данғара пиёдагард Файзалӣ Усмонови 51—соларо зер намудаст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Корола”, Қурбонова Миҷгона Зайнуллоевна, зодаи соли 1999, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Данғара, пиёдагард Усмонов Файзалӣ Шарифович, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи мазкурро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Дар натиҷа, Усмонов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ дар ҳудуди ноҳияи Кушониён хабар дод, ки 4 куштаю 3 маҷруҳ барҷой гузоштаст ва феълан шахсияти на ҳамаи қурбониён маълум шудааст.

Барчаспҳо:
ҳалокати пиёдагард, ронанда, Данғара, садамаи маргбор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ