Ҳалокати ду ронанда дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ду садамае, ки дар рӯзи 10-уми ноябр дар шоҳроҳҳои кишвар сурат гирифтааст, ду ронанда ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду ронанда дар ду садамаи ахире, ки рӯзи 10-уми ноябри соли равон дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ сарат гирифтааст, хабар дод.

Автомобиль марки Тико забросали камнями и палками - Sputnik Тоҷикистон
Пасарбачаи 10-сола мошинро рабуд, аммо дур нарафта ба садама дучор шуд

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 10-уми ноябри соли равон ронандаи автомашинаи "Опел-Астра", Бекташев Аҳмадҷон Бердибоевич, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Панҷ ба самти шаҳраки Бохтар, дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-поён” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фрунзеи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Форланд” бархӯрдааст. 

“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Бекташев А.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, санаи 10-уми ноябри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Дулон", Иргашев Комилҷон Ачилович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи мазкур ба самти шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Қалайхумб-Хоруғ-Қулма” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи “Панҷ” чаппа шудааст.

ВКД Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур, Иргашев К.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи кишвар аз рӯи ҳодисаҳои мазкур  тафтишотро идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0