07:52 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Акс аз амалиёти

Ҳамлаи Анвар бо хешон ва дасти тоҷирони Корвон: 21 кушта дар "Ишқобод"

МВД Республики Таджикистан
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
850210

Анвар, ки роҳбалади гуруҳи ҳамлагар ба дидбонгоҳи “Ишқобод” муаррифӣ мешавад, қаблан дар ин посгоҳ хидмат кардааст ва ин шабехунро ҳамроҳи хешону ҳамдеҳагонаш анҷом додаст. Манобеъ дар мақомот гуфтаанд, чанде аз ҳамлагарон дар бозори “Корвон” фаъолият доштаанд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар ҳамлаи шаби 6 ноябр ба посгоҳи “Ишқобод”, Анвар ном собиқ сарбози дидбонгоҳи мазкур даст дорад,  ки ҳамроҳи хешону ҳамдеҳагонаш ин террорро анҷом додааст, навиштааст ҳафтаномаи "СССР".

Ин нашрияи мустақар дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо ин иддао, ки ба манобеи муътамади худ дар мақомоти расмии кишвар такя мекунад, фарзияи хешро дар бораи ҳамлаи шаби 6 ноябр ба посгоҳи марзии “Ишқобод” пешниҳод кардааст.

Дар посух ба ин суол, ки чаро террористон маҳз дидбонгоҳи Ишқободи деҳаи Султонободро мавриди ҳуҷум қарор додаанд, ҳафтанома навиштааст, ки Анвар, яке аз ҳамлагарон дар гузашта дар ин дидбонгоҳ хизмати аскарӣ анҷом дода будааст. Ҳафтанома бо нашри акси ҷасадҳои ҳамлагарон иттилоъ додаст, ки дар миён ҷасади Анвар низ ҳаст.

Манбаъ афзудааст, маҳз Анвар ба ҳаммаслаконаш аз гуруҳи террористии Давлати ба ном исломӣ, гуфтааст, ки ҷои яроқу аслиҳа ва сирру асрори ин дидбонгоҳро медонад ва аз ин хотир, "ин гуруҳи террорист, ки ба Давлати ба ном исломӣ ва халифаи он “байат” кардаанд, қарор медиҳанд, маҳз ин дидбонгоҳро мавриди ҳамла қарор бидиҳанд".

"Онҳо мехостанд силоҳро ба даст оварда, ба маҳаллаҳои аҳолинишин ҳамла кунанд. Мақсадаш қатли одамон буду бас. Онҳо дар дидбонгоҳ чанд афсару аскарро кушта, соҳиби автоматҳои Калашников шуда, ҷониби пойтахт ҳаракат мекунанд. Вале яке аз афсарон ба дидбонгоҳи дигар хабар медиҳад, ки гурӯҳи табаҳкор сӯи онҳо меравад. Бар асари тадбири фаврии марзбонон ва милитсияи маҳаллӣ террористон ба дом (камин) – “засада” меафтанд ва маҳв мешаванд” – менависад СССР.

Инчунин ному насаби чанд нафар аз зодагони шаҳри Истаравшан зикр шуданд, ки гуфта мешавад, дар ҳамла ба дидбонгоҳ даст доранд. Онҳо Малоҳат Ҳайдарова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Зулхумор Ҷумъаева ва Раҳбар Боқиева, сокинони шаҳри Истаравшан муаррифӣ шудаанд. Ҳамчунин аз фарди дигар, ки дастгир шудааст, Ҳусейн Исломов, сокини деҳаи Қалъъачаи Араби ҷамоати “Зарҳалол” – и Истаравшан ном бурда шуд. Як кушташудаи дигар аз ин гуруҳ, ки низ сокини ин деҳа ба номи Шавкат Исломов аст, эҳтимолан хешованди Ҳусейн Исломов муаррифӣ шуда буд.

 Ҳафтаномаи “СССР” меафзояд, ду нафари эшон дар бозори “Корвон” - и пойтахт фаъолият доштанд, аммо номи онҳо дақиқ нашудааст. Бино ба иттилои ин нашрия, шахсе ба номи Анвар “наводчик ё раҳбалади террористон” ва “пешбарандаи аъмоли бади ин гуруҳ” будааст. Манбаъи “СССР” гуфтааст, ки “дар ин миён зану кӯдакони ин ба ном инсонҳо низ будаанд, ки барои сирри тафтишот насабашон фош намегардад”.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар аввалин иттилоияи худ чанд аксеро нашр карда буд, ки дар яке аз онҳо дасти як нафари зоҳиран кушташуда рӯ ба замин хобидааст ва ин акс суолҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. Аз ҷумла гуфта шуд, ки ин фарди аз қабл кушта шуда, ба ҷои ҳодиса партоб шудааст. “СССР” дар шарҳи ин акс навиштааст, ки шахси ба даҳон хобу дастонаш баста, мурда нест, балки боздоштшудаву захмӣ аст ва табиист, ки “дасти террористро мебанданд”. Зимнан, “СССР” аксҳои кушташудагонро бо рӯйҳои боз нашр кардааст ва шинохтани онҳо ба осонӣ муяссар мешавад.

Дар маҷмуъ ҳаводиси шаби 6 ноябр 21 кушта, аз ҷумла 6 сарбозу афсари тоҷикро барҷой гузошт. “СССР” аз амали мақомот, ки ба ҷои муаррифӣ чун қаҳрамон, номи бархе аз сарбозони кушташударо пинҳон доштаанд, зери суол гузоштааст. Нашрия аз омодабоши хуби сарбозони тоҷик ситоиш карда, менависад, ки ин ҳамла “заъфи дастгоҳҳои хабарии кишвар” – ро фош намудаст ва бо зикри бохти иттилоотӣ дар ин қазия,  масъалаи бознигарии кори расонаҳои расмиро ба миён гузоштаст.

Ин дар ҳолест, ки дар расонаҳо фарзияҳои гуногун нашр шудааст. Аз ҷумла хабар дода шуд, ки ин ҳамла ба тиҷорати шираи камол дар Тоҷикистон рабт дорад, ки нархгузориҳо дар ин бозор боиси норозигии ҷамъоваранадаҳояш шудаст. 

Мақомоти Тоҷикистон дар тамосҳо бо Sputnik Тоҷикистон бар ин нукта таъкид мекунанд, ки ин як ҳодисаи хеле пурдомана аст ва таҳқиқи амиқро талаб мекунад, аз ин хотир, ҳоло тафтиш идома дорад ва пас аз такмил шудани парванда онро ба мардум шарҳ хоҳанд дод.

Гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар сомонаи Аъмоқ масъулияти ҳамла ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифтааст.

Пеш аз ин мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон шумори нерӯҳои ҳукуматии кушта шуда дар ин даргириро ду нафар ва талафоти муҳоҷимонро 15 тан эълом карда буданд.

Аммо манобеи хабарии мустақил бо истинод ба маросими хоксупории ҷанозаи низомиёни кушташуда дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон шумори талафоти марзбонони тоҷикро 6 нафар эълом кардаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Барчаспҳо:
сарбоз, қатл, амалиёт, ДОИШ, ҳамла, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ