00:25 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Природа Таджикистана, архивное фото

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

© Sputnik Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
294 0 0

Пораҳои ҷасад ва ҳуҷҷатҳои Ирина Третякова, сайёҳзани рус, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, аз ҷониби шикорчиёни ноҳияи Сангвор дарёфт шуд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Сайёҳи рус Ирина Третякова ва, 13 - уми августи соли равон ҳамроҳ бо панҷ сайёҳи дигар аснои гузаштан аз пӯли дарёи  Хингоб  ба дарё афтида ғарқ шуд.

Кофтукоби сайёҳзани рус аз замони ба дарё ғарқ шудан то ҳол идома дошт.

КҲФ: ҷасади сайёҳи руси 60-сола то ҳол пайдо нашуд, ҷустуҷӯ идома дорад

Ахиран пораҳои ҷасад ва ҳуҷҷатҳои ӯро як тими шикорчиён дар ноҳияи Сангвор дарёфт карданд. Тимур Исматов, молики шикоргоҳ ба Sputnik тоҷикистон гуфт, ки ҳамкорони ӯ  бозмондаҳои ҷасад ва мӯйи сарро пайдо кардаанд.

"Маро ба ҷойи ҳодиса даъват карданд. Вақте рафтем, борхалта (рюкзак) ёфтем. Дар дохилаш шиносномаи Ирина Третякова ва корти бонкӣ, беш аз 16 ҳазор рубли русӣ ва 200 доллар буд. Зуд ба кормандони Шӯъбаи умури дохилӣ хабар додем ва онҳо омада ташхис карданд ва барои ташхиси ДНК мавод гирифтанд", -- нақл кард ӯ.

Мақомот гуфтанд, натиҷаи ташхисро интизоранд.

Ҳамзамон Исматов илова намуд, ки эҳтимол дарё ҷасадро тақрибан ду километр поинтар бурда, ба соҳил ҳаво додааст, аммо дар ин фурсат ҳайвонҳои ваҳшӣ, ба эҳтимоли зиёд хирсҳо, ҷасадро хӯрдаанд ва аз он қисмати мӯй ва порчаҳои алоҳида ва устухон мондаасту бас.

Ёдовар мешавем, ки Ирина Третякова ҳамроҳ бо панҷ нафари дигар аз Русия ба Тоҷикистон ба саёҳат рафта буд. Чор тани онҳо шаҳрвандони Русия ва як нафар сокини шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон буданд.

Барчаспҳо:
рус, сайёҳ, ҷасад

Мавзӯъҳои асосӣ