Тирпарронӣ дар коллеҷи Благовешенск: донишҷӯй чор касро захмӣ карду худро кушт - видео

© PixabayПистолет
Пистолет - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи тирпаррронӣ дар вилояти Амур тирпаррон худкушӣ карда чор тани дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Донишҷӯи коллеҷ дар Благовешенск дар ҳоле, ки барои дер кардан аз дарс ронда шуд, бо таппонча баргашта тирпарронӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД дар вилояти Амур.

Дар паи тирпаррронии донишҷӯй дар вилояти Амур, гунаҳкор ҷон бохта чор тани дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт.

Ба гузориши мақомот субҳи имрӯз ба назди пулис ҷавоне омада аз тирпарронӣ дар коллеҷ хабар додааст.

Кормандони мақомоти пулис дарҳол ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд ва донишҷӯйро бо таппонча дар даст дарёфтаанд. Ӯ чанд маротиба ба сӯи пулис оташ кушодааст ва дар натиҷа кормандони қудратӣ низ ҷавобан оташ кушодаанд.

Дар натиҷа пулис ҷавонро дар яке аз синфхонаҳо иҳота кардаанд. Дар ҳамин ҳол ба мақомоти пулис даст додааст, хонандагон ва устодони коллеҷро аз дохили сохтмон берун бароранд.

Пас аз чанде пулис дар ҷои ҳодиса ҷасади донишҷӯйро ёфтаанд. Ӯ худкушӣ кардааст.

Ҳамчунин донишҷӯи 19-солаи коллеҷ Алексей Голубничев низ аз тири ҳамсинфаш захмӣ шуда айни замон дар беморхона ҷарроҳӣ мешавад.

Боз се тани дигар - ҷавонони 17,19 ва 20 сола ҷароҳат бардошта дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷинӣ боз шуда, дар ҷои ҳодиса кормандони мақомоти дахлдор кор мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0