Порадиҳӣ барои кор дар сохторе, ки амнияти Президентро таъмин мекунад: рутбаю мансабфурӯшӣ

© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Файзалӣ Олимов, сокини 44-солаи шаҳри Душанбе барои додани рутбаи майор аз як капитани милиса 6300 сомонӣ гирифта, ба нафари дигар ваъда додааст, ки ба ивази 20 ҳазор сомонӣ писарашро ба кор дар воҳиди махсуси ВУД Тоҷикистон қабул мекунад

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ парвандаи Олимовро баррасӣ кард, ки ба ивази маблағ қасди рутба ва мансабфурӯшӣ дар сохтори махсуси ВУД Тоҷикистонро доштааст.

Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

Тибқи иттилои додгоҳ, Файзалӣ Олимов моҳи октябри соли 2018 дар ошхонаи “Хонаи Радио”, дар кӯчаи Шерози шаҳри Душанбе ба боварии собиқ нозири калони ротаи махсуси воҳиди махсуси ВКД Тоҷикистон, капитани милиса Камолов Нурулло даромада, ба ивази 6300 сомонӣ ваъда додааст, ки тавассути шиносҳояш ба ӯ рутбаи навбатии майори милитсияро хоҳад дод.

Манбаъ афзуд, ки Олимов  ҳамчунин тавассути капитан Нурулло Камолов ба боварии шаҳрванд Бобохонов Абдулқосим даромада, ба ивази 20 ҳазор сомонӣ ваъда додааст, ки писараш Шарипов Ҳомидро дар воҳиди махсуси ВКД Тоҷикистон ба кор қабул менамояд.

Бар асоси парванда, ҳар ду ҳолати пулгирӣ моҳи октябри соли 2018 дар ошхонаи “Хонаи Радио” сурат гирифта, Олимов маблағи мазкурро ба фоидаи шахсияш истифода намудаст.

Как таджик даёт взятку пограничнику - Sputnik Тоҷикистон
Видеои порадиҳӣ ва боздошти ҷавони тоҷик: 110 сомонӣ додаст, ки ба Маскав равад

“Воҳиди махсус” ниҳоди хоси ВУД Тоҷикистон мебошад, ки ба таъмини амнияти ҳаракати раисиҷумҳури Тоҷикистон ва меҳмонони олимақом машғул буда, маъмурини он асосан дар роҳҳои маркази Душанбе адои хидмат мекунанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ иттилоъ дод, Олимов дар мурофиа иттиҳоми қаллобиро, ки алайҳаш эълон шуд, эътироф карда, аз додгоҳ хоҳиш кардааст, ки ӯро афв кунад.

Тоҷикистон аз ҷиҳати порадиҳӣ мақоми 151-умро сазовор шуд

Додгоҳ бар асоси қонун “Дар бораи афв”, ки моҳи октябри соли равон қабул шуд, қазияи Олимовро баррасӣ карда, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардааст.

Лентаи хабарҳо
0