Навори бархӯрди Дулан бо мошини сабукрав: ронанда ба чароғаки роҳнамо итоат накард

Обуна шудан
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон навори садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар пойтахти кишварро нашр намудаст, ки бар асари итоат накардани ронандаи автомашинаи Дулан сар задааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ шоми 20 - уми ноябр тахминан соати 22:30 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ рух додааст, хабар медиҳад Раёсати умури дохилӣ.

Ба иттилои манбаъ, омили асосии рух додани садамаи маргбор, итоат накардани ронандаи автомашинаи Дулан ба аломати чароғаки раҳнамо мебошад.

Города мира. Ташкент - Sputnik Тоҷикистон
Бозӣ мекард: сокини Рӯшон аснои тоза кардани саҳни мактаб кӯдаки 6 соларо пахш кард

Гуфта мешавад, ронандаи тамғаи  Хова (Дулан), рақами қайди давлатиаш 6133 ЕС 01, Сафаров Аюби 25 - сола, сокини ноҳияи Ҳисор,ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Неъмат Қарабаев ба самти кӯчаи Фирдавсӣ, дар чорроҳа ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, дар ранги сурх ба ҳаракати воситаи нақлиёти худ идома додааст.

Дар натиҷа номбурда ба автомашинаи тамғаи "ВАЗ-2109" бархӯрдааст, ки ронандаи он Маҳмудов Авзалшоҳи 22 - сола, сокини ноҳияи Айнӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳалокати ду ронанда дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Манбаъ меафзояд, ки мусофири автомашинаи мазкур  Ниёзов Сиддиқи 36 - сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта бистарӣ карда шудааст.

РВУД Тоҷикистон мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0