Маҳмадбоқизода зарфи ду сол беш аз 900 ҳазор сомонии буҷаро аз худ кардааст

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадбоқизода Олимҷон, раиси ҷамъияти "Тоҷикматлубот" дар ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 900 ҳазор сомониро, ки аз ҳисоби ҷаримаи 716 адад парвандаи қочоқи молӣ буданд, ба манфиати худаш истифода намудааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Бо ироаи ин хабар Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд гуфт, кормандони идораи гумрук баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳо талошҳо ба харҷ медиҳанд, аммо баъзе шахсони алоҳида аз ин ҳисоб барои манфияти худ истифода мебаранд.

Доллары США и таджикские сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти мудир, сармуҳосиб ва хазинадори литсейи Хуҷанд: пули толибилмонро аз худ карданд

Прокурори вилояти Суғд дар зимни баргузории ҷаласа, бо иштироки кормандони соҳаи гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳолати иҷрои қонунгузории соҳаи гумрукиро муҳокима мекард, аз раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Маҳмадбоқизода Олимҷон ном гирифт, ки беш аз 900 ҳазор сомонии аз ҳисоби ҷаримаи парвандаҳои маъмури дар самти қочоқи мол ба даст омадаро ба фоидаи худ истифода кардааст.

Боздошти мудир, сармуҳосиб ва хазинадори литсейи Хуҷанд: пули толибилмонро аз худ карданд

"Дар солҳои 2017, 2018 ва аввали соли 2019, 716 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд баррасӣ гардида, молу маҳсулоте, ки ба тариқи қочоқ ворид шуда мусодира карда шуданд. Ин молу маҳсулот аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро барои фурӯш ва баъдан равона намудани маблағи он ба буҷҷа, ба раиси Раёсати ҷамъияти “Тоҷикматлубот” и ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида мешавад. Аммо Маҳмадбоқизода Олимҷон молу маҳсулоти мусодирашударо фурӯхта, 907 ҳазору 417 сомониро азони худ мекунад", -  иброз намуд, прокурор.

Барои чунин рафтораш нисбати Маҳмадбоқизода аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо моддаҳои 245, 247 ва 340 - (Азонихудкунӣ, исрофкорӣ, қаллобӣ ва сохтакорӣ) и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда ва бо ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 11 сол тадбиқ гардидааст.

Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар барои татбиқи 70 лоиҳа масраф мешавад

Дар ҷаласаи прокуратураи Суғд гуфта шуд, ки дар давраи соли 2018 ва 9 моҳи соли 2019, 3 ҳазору 733 ҳолати қочоқи молу маҳсулот дар гузаргоҳҳои сарҳадии вилояти Суғд муайян карда шуда ва аз натиҷаи онҳо 3 576 парвандаи маъмурӣ ва 157 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз ин ҳисоб 10 парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони идораи гумрук будааст.

Лентаи хабарҳо
0