12:29 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Садама, акс аз бойгонӣ

Ҳалокати тоҷикону узбакҳо дар садамаи пурқурбонӣ дар Русия-видео

Пресс-служба МЧС РФ
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1533 0 0

Дар вилояти Оренбург микроавтобуси ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон бо мошини боркаш бархӯрдааст, ки дар натиҷа 6 нафар, аз ҷумла як кӯдаки 6-сола ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Қурбониёни бархӯрди мусофирбар бо мошини боркаш шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд, хабар додаст котиботи раёсати умури дохилии вилояти Оренбург.

Садамаи мудҳиш тақрибан соати 6:10 бо вақти маҳаллӣ ва 4:10 бо вақти Маскав дар маҳаллаи Чистий рух додаст.

Видео аз макони садамаи мудҳиш

“Дар километри 15-уми роҳи Оренбург – Акбулак мусофирбари хурди Hyundai ва фура бархӯрдаанд. Сабаби садама феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад”, - омадааст дар иттилоияи пулиси Оренбург.

Тибқи иттилои ахир, дар пайи садама 6 нафар, аз ҷумла кӯдаки 6-сола ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд. Бар асоси иттилои пешакӣ мусофирони микроавтобус шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон будаанд, хабар додаст пулис.

Мошини боркаш рақамҳои қайди давлатии Қазоқистон ва мусофирбари хурд рақамҳои минтақаи Ростови Русияро доштааст.

Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ