05:40 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1043 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навори бозпурсии Парвиз Сайфиддинов, муттаҳами 27-сола дар қатли мудҳиши ҳамсари бародар ва ҷияни 6-солаашро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Сайфиддинов дар гузориши ВУД изҳор медорад, ки муносибатҳояш бо ҳамсари бародар ва духтараш хуб буда, қаблан ҳеч хусумате надоштаанд.

Ӯ дар шарҳи сабаби қатли ҷавонзану духтарчааш изҳор дошт, ки “аз даруни дилам куш, куш гуфтанд, хестам, саҳарӣ куштам. Баъд милисахона рафтам”.

Тибқи иттилои ВУД, Сайфиддинов соати 10:30-и 7 ноябр дар хонаи истиқоматияшон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамсари бародараш Саноат Абдусаломзодаи 27-сола ва духтараш Сумаяи 6-соларо бо зарби корд бераҳмона ба қатл расондааст.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид кардаанд, ки зоҳиран дар саломатии Сайфиддинов ҳеч нуқсе нест ва давоми тафтишот хулосаи равоншинос дар бораи вазъи равонии ӯ низ гирифта хоҳад шуд.

Феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Парвиз Сайфиддинов, бар асоси моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дорад.

Барчаспҳо:
гузориш, ВУД ҶТ, шоҳидӣ, бозпурсӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ