15:02 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Заключение под стражу

Қотили муштзани тоҷик дар Петербург ба 8 соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Алексей Даничев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
556 0 0

Додгоҳи ноҳиявии Маскав ҳукми қотили муштзани тоҷик Самадовро эълон намуда, ӯро ба мӯҳлати 8 сол равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Санкт - Петербург Алексей Янулевичус - қотили як муштзани тоҷикро ба мӯҳлати 8 сол равонаи зиндон кард, хабар медиҳад сомонаи "Фонтанка".

Ба иттилои манбаъ, қотилро як ҷинояткори ашадии Петербург кироя кардааст.

Сӯиқасд ба ҷони муштзани 24 - солаи тоҷик Самадов, рӯзи 22 - юми феврали соли 2018 назди даромадгоҳи бинои истиқоматии ӯ сурат гирифта буд.

Гуфта мешавад,  қотил се маротиба сӯи муштзани тоҷик тир холи кард ва Самадов аз қисмати шикам, сар ва даст сахт маҷрӯҳ шуд. Хушбахтона бо кӯмаки сокинони ин бинои истиқоматӣ Самадов аз марг наҷот ёфт. Онҳо фавран кормандони ёрии таъҷилиро даъват намуданд ва муштзани тоҷикро ба бемористон интиқол доданд. Табибон тавонистанд ҷони шаҳрванди 24 - солаи Тоҷикистон аз марг наҷот диҳанд.

Ҳукми қотилони Поляков, чемпиони 82-сола дар Душанбе

Зимнан, тафтишот муайян намуд, ки муштзани тоҷик дар бозори Купчинаи шаҳри Санкт - Петербург ба ҳайси посбон кор мекард ва борҳо ба вуруди худрави марди 35 - сола ба ҳудуди бозор монеагузорӣ мекард. Сипас маълум гардид, ки ин нафар  саркардаи як гурӯҳи ҷиноӣ буда, барои монеагузорӣ кардани посбон бо ӯ вориди муноқиша шуда буд.

Ҳамин тавр, саркардаи гурӯҳи ҷиноии Петербург барои қасос гирифтан аз ҷавони 24 - сола, қотилро  кироя намудаст, - менависад манбаъ.

Янга пас аз ҳамлаи бародари шавҳар бо корд ба қафаси сина дар беморхона ҷон дод

Бар хабари сарчашма, қотил дар ҷараёни мурофиаи судӣ қисман гуноҳашро ба гардан гирифт ва аз содир намудани ин ҷиноят изҳори пушаймонӣ кард.

Барчаспҳо:
тоҷик, муштзан, қотил, ҳукм, Санкт-Петербург

Мавзӯъҳои асосӣ