01:48 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Машина скорой помощи

Садамаи маргбор: ҳалокати ду сокини Ҳисор зери чархи мошини "Долун"

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
328 0 0

Ронандаи автомашинаи "Долун" аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада ду сокини ноҳияи Ҳисорро пахш намудаст

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи мудҳиши маргбор дар роҳи шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур садама рӯзи 3 - юми декабри соли ҷорӣ, тахминан соати 16:50 дақиқа рух додаст.

Автобус бо 72 мусофир аз Тоҷикистону Узбакистон дар Қазоқистон дучори садама шуд

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи, "Долун", Ҳафизов Абдулқосими 38 - сола, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Ҳисор ба самти деҳаи Ҳисор аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада ду пиёдагардро пахш намудаст.

Дар натиҷа пиёдагард Усмонов Музафари 61 - сола сокини шаҳраки Ҳисор дарҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Ҷалилов Садриддини 63 - сола сокинони ноҳияи Ҳисор бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфт.

Навори бархӯрди мошини ёрии таъҷилӣ бо худрави "Тойота Кемри" дар Душанбе

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Барчаспҳо:
сокин, Ҳисор, ҳалокат, садама

Мавзӯъҳои асосӣ