17:54 19 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
419 0 0

Дар натиҷаи бархурди мошинҳои БМВ” ва “Тико” дар деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода мусофири мошини “Тико” ба ҳалокат расиду ронандам мошини мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар бемористон бистарӣ шуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 4 декабри соли равон дар деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода садамаи маргборе сурат гирифтааст.

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, ронандаи мошини  “БМВ”, Назаров Эркинҷон Турақулович, сокини деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Янгибоғ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромада ба мошини “Тико”, таҳти идораи ронанда Усмонов Дилшод Равшанович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Янгибоғ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири дохили мошини “Тико” Иззатов Анварҷон Эминҷонович, соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Янгибоғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон ронандаи автомашинаи “Тико” Усмонов Дилшод, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон дар пайи тафтишоти ин ҳодиса мебошанд.

Барчаспҳо:
бистарӣ, ҷароҳат, ҳалокат, бархурдан, садама, Турсунзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ