08:42 28 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
147 0 0

Дар паи садамаи нақлиётии маргбор дар ноҳияи Кушониён як кас ҷон бохта ду ронанда бистарӣ шуданд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, қазия рӯзи 5-уми декабри соли 2019, тахминан соати 09:30-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави тамғаи “Опел-Комба”, Собиров Фаррух Собирович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён ба худрави тамғаи “Опел-Зефира” таҳти идораи ронанда, Набиев Шарофиддин Шарбатович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Кӯшониён бархӯрдааст. 

Садамаи маргбор: бархурди “БМВ” ва “Тико” дар деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода

"Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Абдуллоев Ёрмаҳмад Холматович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҷарроҳии нуҷумшиноси куриёӣ пас аз садама дар роҳи ВМКБ - Душанбе

Ҳамчунин, ронандагони худрави мазкур Собиров Ф.С. ва Набиев Ш.Ш. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии вилояти Хатлон бистарӣ гардидаанд.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Барчаспҳо:
ҳалокат, маргбор, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ